Таҷлили Рӯзи Парачами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди вилояти Хатлон

   

24 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои Суди вилояти Хатлон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми раиси суди вилоят муҳтарам Бойзода Темур Гулбой, муовини раиси суди вилоят муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, судяҳои суди вилоят, кормандони дастгоҳои Суди вилояти Хатлон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Р.П. баромад намуда, тамоми кормандонро бо ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, сипас суханро ба муовини якуми раис муҳтарам Бойзода т.Г. дод.

Инчунин, дар чорабинии мазкур судяи Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳмадзода Маҷид дар бораи Парчами давлатӣ баромад карда ҳамаи кормандонро бо ин ҷашни сиёсӣ табрик намуд.