Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.11.2020 сол)

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Бойзода Темур Гулбой, судяҳои суди вилоят ва кормандони дастгоҳи суди вилоят маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида.

Маҷлисро раиси суди вилоят муҳтарам Мирзозода Р.П. кушода оиди қабули Парчами давлатӣ, мақому мароми хосса доштани он, эҳтиром кардани ин рамзи давлатӣ баромад карда аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи кормандони суди вилоятро бо ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд.

Баъди суханронии раиси суди вилоят, сухан ба муовини якуми раиси суди вилоят муҳтарам Бойзода Т.Г. дода шуд. Муовини якуми раиси суди вилоят Бойзода Т.Г. дар баромади худ оиди муқаддасоти миллӣ Парчами давлатӣ, аҳамияти таърихӣ доштани он ва санаи қабули ин руз ҳамчун Рузи ҷашн суханронӣ намуд.

Баъди бармади муовини якуми раиси суди вилоят, сухан ба мутахассиси Раёсати таъмину ташкили фаъолияти судҳои Суди вилояти Хатлон муҳтарам Абдуллозода Бахтиёр дода шуд. Охирин оиди Парчами давлатӣ, маънидод кардани рангҳои Парчам, эътироф муаррифии Парчами давлатӣ ҳамчун давлатӣ соҳиихтиёр суханронӣ намуд.

Баъди доир гардидани баромадҳо раиси суди вилоят муҳтарам Мирзозода Р.П. боз ҳамаи кормандонро табрик намуда, таъкид кард, ки ҳамавақт ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва президенти кишварамон бошанду ҳамавақт Парчамбардори давлати навини тоҷикон бошанд.

Ҳамзамон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳни ҳавлии бинои суди вилоят тозаву озод буда, парчамҳо дар гирду атрофи бинои суди вилоят парафшон карда шуданд