ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ ВЛОЯТИ ХАТЛОН

 

16 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар Конфронси мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми раиси суди вилоят муҳтарам Бойзода Темур Гулбой, муовини раиси суди вилоят муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, судяҳои суди вилоят, кормандони дастгоҳи суди вилоят ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Конфронси мазкурро раиси суди вилоят муҳтарам Мирзозода Р.П. оғоз намуда, баромад карда, тамоми кормандонро бо Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд, баъдан муовини якуми раиси суди вилоят муҳтарам Бойзода Т.Г. ва кормандони дастгоҳи суди вилоят баромад намуданд.