Табрики сарбозону афсарони қисми низомии 3503-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Имруз, 23 феврал, бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин Ғафор ва дигар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои табрики сарбозону афсарон ба қисми низомии 3503-и Вазорати корҳои дохилии дар шаҳри Бохтар рафтанд.

Зимни боздид раиси вилоят кулли ҳайати шахсиро бо муносибати Рузи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод карда, иброз доштанд, боиси хушбахтии мост, ки зери осмони соф ва ваҳдату ягонагӣ ҳамасола ҷашнҳои мубораку санаҳои муҳимми таърихиро дар сатҳи баланди сиёсӣ, фарҳангӣ ва ташкилӣ ҷашн мегирем.