Табрикоти Раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. бахшида ба Рузи модарон-8 март

Имруз дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон Раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. ҷавондухтарону занҳое, ки дар суди вилоят кору фаъолият мекунанда бахшида ба Рӯзи модарон табрик намуда, барои онҳо дар корҳояшон бурдбориҳо, хушбахтӣ дар зиндагиашон ва муваффақиятҳоро таманно намуданд.

Инчунин роҳбарияти суди вилоят модарон тамоми кормандонро бо Рӯзи модар табрик карда, ба онҳо умри дароз, саломатӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро барояшон таманно карданд.

Баъди сухани табрикии раиси суди вилоят, муовини якуми раиси суди вилоят Бойзода Т.Г. баромад карда, сухани табрикии худро ба кормандони зан бахшид.

Баъди суханҳои табрикӣ ба ҷавондухтарону занҳое, ки дар суди вилоят кору фаъолият мекунанд туҳфаҳо тақдим карда шуд.