Таъиноти кадрӣ

Имрӯз, 30 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовин ва судяҳои  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бозхонд намудан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Хушмаҳмадзода Алифмо, Ҷуразода Насиба Ермад, Пӯлодӣ Мавҷуда Комил бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, Ваҳобзода Шаҳло Хотам, Оймаҳмадзода Маҳмадҷон — аз вазифаи судяҳои Суди Олӣ  бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколати дар вазифаи судя будан,  Раҳмонзода Саидалӣ Сабзалӣ — аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси  Коллегияи ҳарбӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан, ҳамзамон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоб намудани Раҷабзода Ҳотам Назар -муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ, Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, Баротзода Ҳусейн Наҷот, Азизӣ Ҷалолиддин Азизхӯҷа, Мирзозода Манучеҳр Ҳасан, Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

https://sud.tj/