Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ

12.02.2024 16:15, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои дар мақомоти судӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои раиси суди вилояти Суғд, раиси суди шаҳри Кӯлоб, раисони судҳои ҳарбӣ дар гарнизонҳои Душанбею Хуҷанд,  раисон ва муовинҳои раиси суд ва судяҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо кадрҳои ҷавону варзида ва болаёқат таъин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои судӣ, дониши васеи қонунҳои миллӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон ва ба хусус ба забондонии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки донистани забони давлатӣ дар сатҳи баланд ва ба ҳамин сатҳ аз худ намудани ду забони хориҷӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як хизматчии давлатӣ аст. Супориш дода шуд, ки барои омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ ба кормандони мақомоти судӣ ва ҳамаи хизматчиёни давлатӣ як сол муҳлат дода шавад ва дар сурати иҷро нашудани ин талабот чораҳои зарурӣ нисбаташон амалӣ карда шавад.

Ҳамчунин, доир ба баррасии саривақтии парвандаҳои ҷиноятӣ, диққати ҷиддӣ додан ба арзу шикоятҳои мардум, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун супоришҳои қатъӣ дода шуд.

“Поквиҷдону поктинат бошед, хушмуомила бошед, зеро иззату эҳтироми кас дар ҷомеа танҳо аз роҳи хизмати беғаразона ба мардум ба даст меояд”, — таъкид доштанд дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

http://prezident.tj/