Таъмири бинои Суди вилояти Хатлон барои таҷлили ҷашни Наврӯз ва омодагиҳо барои 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва омодагиҳо ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди вилояти Хатлон таъмири бино ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 15 метр гузаронида шуд.

Дар таъмир қисмҳои асосии бино аз қабили дари асосии даромадгоҳи бинои суди вилоят ва тирезаҳо иваз каррда шуда, қисми пеши бино рангу бор карда шуда, намуди зоҳирии бино бо дигар рангҳо иваз карда шуд.

Дар таъмир як қатор таҷҳизотҳои замонавӣ барои насб кардани дару тирезаҳо ва рангу боркунӣ истифода бурда шуда, таъмир бо сифат ва сари вақт ба охир расонида шуд.

Роҳбарияти Суди вилояти Хатлон баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дигар қисмҳои фарсуди бинои Суди вилояти Хатлонро азнавсозӣ намуда таъмири онро ба охир расонад.