ВАҲДАТ-ЯКДИЛӢ ВА ЯГОНАГӢ

“Борҳо гуфтаам ва бори дигар изҳор медорам, ки ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободонии Ватани азизамон мебошад.”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол таҳти роҳбарии шахси хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои сангину нангинро паси сар карда, рӯ ба инкишофу тараққиёт намуд. Солҳои навадуми асри 20 барои ҳар як фарди тоҷики бо нангу номус як даври басо мушкилу пур аз ҷаҳду талош буд. Талошҳои сиёсиву иқтисодӣ, ноил шудан ба ҳадафҳои сулҳпарварона, ватандӯстиву ватанпарварӣ мардуми кишварро водор намуд, ки ҷанги хонумонсӯзро нуқта гузошта, дасти дустӣ ва бародарӣ дароз намоянд.

Бинобар ин маҳз 27 июни соли 1997 бо мақсади хотима додан ба нест кардани миллати тоҷик ва давлати тозабунёди соҳибистиқлол, инчунин пойдор кардани фазои сулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик имзо кардааст. Маҳз ин санаи тақдирсоз ба кулли ҳаёти мардуми кишварро дигар гун карда, ҳаёти мушкили сокинони кишварро осон кард.

Маҳз ризоият ва оштии миллӣ тавонист, ки садди роҳи ҳамагуна зуҳуротҳои мухолифро ҷилавгирӣ намояд ва сӯи сулҳу ваҳдат пайгирӣ кунад.

Дар ин талошҳо нахустмард, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, марди бо нангу номус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист тарафҳои мухолифинро водор созад, ки Тоҷикистон давлати аҷдодии тоҷикон аст ва ватандустиву ватанпарварӣ хислати хоси тоҷикон буда, пешгирии даргириҳо байни ҷудоихоҳон вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як марди бо нангу номуси кишвар ба ҳисоб меравад ва ин мард тавонист, ки  роҳ сӯи сулҳу субот кушояд ва кишвари азизамонро ба он роҳнамоӣ кунад.

Ҳамасола 27 июни ҳамчун санаи таърихсоз ва тақдирсоз дар сораси кишвар чун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашну истиқбол гирифта шуда, он хотираҳое, ки соли 1997 чун соли хотирмонӣ ва расидан ба армонҳои миллӣ ба неки ёд карда мешаванд. Чунки 27 июни соли 1997 ба ҳар як сокини кишвар санаи таърихсоз ва сулҳовар буд.

Ҳар як мардуми кишвар, хурду калон ин санаи тақдирсозро дар таърих чун рӯзи Ваҳдати миллӣ шинохта, онро ҳамчун рамзи сулҳу дӯстӣ ҳарф мезананд.

Дар ҳақиқат ин санаи таърихӣ ба некӣ дар таърихи мардуми тоҷик сабт шуда, насли ояндаро водор месозад, ки халқи тоҷик бо роҳбарии фарзанди фарзонаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафақат байни мардуми кишвар, балки дар саросари ҷаҳон нишон додааст, ки мардуми кишвари азизамон то чӣ андоза сулҳпарвару ватандӯст аст.

Ноил шудан ба ҳадафҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дуруст роҳандозӣ намудани равонди он, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, сохтмони иншоотҳои азим, дӯстиву бародарӣ бо ҳамсояҳои ҳамсарҳад, таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини амнияти мардум, зиндагии осудаи сокнинони кишвари азизамон, якдилӣ ва ягонагии мардуми кишвар ин нишона аз Ваҳдати миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва раванди демократикунонии Тоҷикистони азизамон мебошад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми мардуми кишвари азизамонро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик намуда, хоҳони онам, ки ҳамеша дар фазои кишвари азизамон сулҳу ваҳдат пойдор бошад.

 

Раиси Суди вилояти Хатлон

                                                        Мирзозода Рустам Пираҳмад