ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-РОҲИ СУЛҲПАРВАР

     “Ин санаи воқеан таърихӣ барои халқи азизи мо бисёр муҳим мебошад, зеро он давлати ҷавону соҳибистиқлоли тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо намуд ва ибтидои раванди барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилӣ ва созандагии Ватани маҳбубамон гардид.”

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Ба ҳамагон маълум аст, ки моҳи ноябри соли 1994 баъди ба мақоми президентӣ интихоб шудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳ сӯи бозсозиву сулҳу оромӣ пай гирифт. Овардани сулҳ яке аз ҳадафи асосии президенти кишвар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, бо сари баланду ифтихор қавл ба мардуми кишвар карда, қайд карда буд, ки “Ман ба Шумо сулҳ меорам” ва ин сухан амалан иҷро шуда, дар кишвари азизамон сулҳ пойдор шуд.

Аз 27 июни соли 1997 то инҷониб ҳамасола дар кишвари азизамон 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирем. Ин ифтихор аст барои ҳар як сокини кишвар.

Маҳз ин сана дар таърихи навини тоҷикон барои мустаҳкам кардани сохти конститутсионӣ, беҳтар кардани шароити сиёсиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуқта гузоштан ба ҷанги хонумонсӯз ва роҳ кушодан ба сулҳу салоҳ нақши азиме гузошт.

Кӯшишҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона, соҳибистиқлол, демократӣ ва узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, кишвари сулҳпарвар ва пайгирандаи ваҳдату ризоияти миллӣ аст.

Маҳз 27 июни соли 1997 Тоҷикистон ҳамчун давлати тоза бунёд сохти конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар мадди аввал гузошта, барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ талош варзид. Дар ин талошҳо ягона абармарде, ки ҷони худро дареғ надошта, тарафҳои мухолифинро барои сулҳу ваҳдат даъват намуд, ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу Ваҳдати – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Маҳз Пешвои миллат тавонист, ки тарафҳои мухолифинро сарҷамъ ба ба курсии сулҳ шинонаду, кафолати сулҳу оромиро дар сарзамини азизамон устуворона гузорад.

27 июни соли 1997 ин санаест, ки Тоҷикистон баъд аз он, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаҳои навинро кушода, дар байни дигар кишварҳои муштарокулманофеъ ҳамчун давлати сулҳпарвар эътироф гардид.

Тоҷикистон то 27 июни соли 1997 дар давраҳои басо мушкилу тақдирсоз қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ барои мардуми кишвар ҳисоротҳои моливу ҷонӣ овард. Роҳандозӣ ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвад яке аз ҳадафҳои аввалиндарҷаи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ба шумор рафт.

Оташ андохтан байни бародар, байни падару писар дар даври ҷангӣ шаҳрвандӣ ин худ як усусли нест кардан ва аз байн бурдани миллати тоҷик буд.

Дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳисороти ҷиддӣ низ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд, ки боиси ба миён овардани сатҳи пасти шароити мардум, ба гуруснагӣ расонидан ва талаву тороҷ гардидани захираҳои кишвар гардид.

Ба ин нигоҳ накарда маҳз якдиливу якдигарфаҳмӣ нагузошт, ки ин ҳисоротҳо дер давом кунанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат тавонист, ки ин мушкилоту зуҳуроти номатлуби нангинро паси сар намояд ва роҳ сӯи сулҳу ваҳдат кушояд.

Ин роҳ, роҳи сулҳу ваҳдат, роҳи хомушкунии кинаву адоват, роҳи соҳибихтиёриву соҳибистиқлолӣ, роҳи пур аз меҳру садоқат ба Ватан аст.

Мо-тоҷикон дар якҷоягӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар марҳилаи тай кардани ин роҳи сулҳпарвар буда, барои ояндаи ҷомеаи наврас нишони сулҳофарӣ, ибрати намунавӣ баҳри ватандӯстиву меҳанпарастӣ бошем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро ба муносибати ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ-27 июн табрик намуда, хоҳони онам, ки дар сарзамини азизамон ҳамеша сулҳу ваҳдат пойдор бошад.

 

 

Раиси Суди вилояти Хатлон

   Мирзозода Рустам Пираҳмад