Вохӯрӣ бо кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш

Санаи 8 декабри соли ҷорӣ бо иштироки судяҳои Суди вилояти Хатлон Муминзода Ҳасан Камол ва Ҳамрохонзода Умедҷон Сафаралӣ вохӯрии судманд бо кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ бо кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш оид ба масъалаҳои мубрами рӯз аз он ҷумла сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, таълиму тарбияи насли наврас, риояи расму оини мардумӣ, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, содиршавии ҷиноят аз ҷониби кормандони соҳаи тибб, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, вусъати корҳои ободонӣ, никоҳи хешутаборӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи барвақтӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ қайд намуданд.