Вохӯрӣ бо кормандони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳияи Вахш
Санаи 31 майи соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар толори маҷлисгоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бо иштироки роҳбарият ва судяҳои Суди вилояти Хатлон вохӯрӣ бо кормандони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳияи Вахш баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ марбут ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони ноҳияи Вахш, мазмуни ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, риояи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пешгири шомилшавии ҷавонон ва гуруҳои тундрав, пешгирии экстремизму терроризм суханронӣ намуданд.