Вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳотии Рӯдакии ноҳияи Вахш

Санаи 8 декабри соли 2025 дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш бо иштироки судяҳои Суди вилояти Хатлон Муминзода Ҳасан Камол ва Ҳамрохонзода Умедҷон Сафаралӣ суҳбату вохӯрӣ бо фаъолони деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ баргузор гардид.


Дар вохӯрии мазкур аз ҷониби судяҳои суди вилоят Муминзода Ҳ.К. ва Ҳамрохонзода У.С. дар масъалаҳои мубрами рӯз аз он ҷумла сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, таълиму тарбияи насли наврас, риояи расму оини мардумӣ, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, вусъати корҳои ободонӣ, бунёди синфхонаи иловагӣ, таъмини мизу курсиҳо ба муассисаҳои таълимӣ, никоҳи хешутаборӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи барвақтӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ қайд намуданд.
Суди вилояти Хатлон 




