ВОХӮРИ БО ҶАВОНОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (19.05.2021 сол)

 

19 майи соли ҷорӣ дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки  раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад ва дигар роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои  мулоқот бо намояндагони ҷавонони вилояти Хатлон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни мулоқот раиси вилоят ба сухан баромада, қайд намуд, ки Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон низ аз зумраи ҷашнвораҳоест, ки тамоми ҷавонони мамлакатро ба ҳам оварда, барои муаррифии дастовардҳо, рушди нерӯи зеҳнӣ, имконияту тавонмандиҳои ояндасозони миллат, шароити мусоид фароҳам меорад.