Вохурӣ ва суҳбатҳо бо муаллимон, волидайн ва талабагони Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Бохтар

Санаи 19 сентябри соли ҷорӣ дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №9 шаҳри Бохтар бо иштироки судяҳои Суди вилояти Хатлон Наҷмиддинзода Садриддин, Мирзозода Абдуҷаббор судяи Суди шаҳри Бохтар Шерализода Зебо вохурӣ ва суҳбатҳо бо муаллимон, волидайн ва талабагон баргузор гардид.
Дар вохурии мазкур мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024, Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вайрон кардан ва риоя накардани қоида ва меъёрҳои истифодабарии қувваи барқ фаҳмонда дода шуд.
Суди вилояти Хатлон 




