Вохурии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

 

Санаи 9 декабри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Кохи фарҳангои шаҳри Бохтар вохурии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён бо судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.

Ҳамзамон дар вохурии мазкур Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2022, таҳти №479 муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафорро ба ҳайси раиси Суди вилояти Хатлон бо судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шиносоӣ намуд.

 

Дар хотима Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён судяҳои вилояти Хатлон, ба хусус судяҳои ҷавонро, ки ба мансаби судягӣ таъин карда шудаанд таъкид намуд, ки содиқона ба кишвари азизамон хизмат намуда, даст ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ назананд. Одоби судягиро ба ҷо оварда, бо шаҳрвадон хушмуомила бошанд.