Бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Барқияи ҳукуматӣ аз 1 августи соли 2025, таҳти №24/10-9 рӯзҳои шанбе ҳар ҳафта бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он шанбегиҳо гузаронида шуда, корҳои ободонию созандагӣ давом дода истодааст.
Эълонҳо
Дар дастгоҳи Суди Олӣ ва Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ — сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Суди Олӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ 4350,00 сомонӣ, — сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ 4350,00 сомонӣ, — муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди
Ба таваҷҷуҳи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонида мешавад, ки почтаҳои электронии расмии Суди Олӣ ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (рӯйхат дар замима) фаъол буда, метавонед тавассути почтаи электронӣ мутобиқи талаботҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судҳо муроҷиат намоед. № Суд Сомона Почтаи электронӣ 1 Суди Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон sud.tj info@sud.tj 2 Маркази
8 майи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олӣ конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар кори он, Раис, муовин ва аъзоёни Иттиҳодияи ҷамъиятии «Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби муқарранамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судяҳои ҷумҳурӣ интихоб гардиданд. Ғайр аз ин, дар конфронси судяҳои
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Назарзода Абдуҳанон Худойназар аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, раиси суди шаҳри Роғун таъин карда шавад. 2. Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа аз вазифаи раиси суди ноҳияи Роштқалъаи
Чилдухтарон — номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одаммонеанд, ки ба худ сирру асрори хосае доранд. Онҳоро мардуми Хатлонзамин Чилдухтарон ном ниҳодаанд. Олиҳаи зебоӣ Дар асл бошад, ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист. Оид ба
Мазори Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг, 18 км аз шимолу ғарби шаҳраки Ховалинг дур ҷойгир шудааст. Мавзеи сарсабз, ободу зебост, ки нишас-тан дар болои сабзазори назди мазор, тамошои табиати атроф, мақбараи аз нав эъморшуда бо гумбазҳои тиллоӣ, роҳравҳои зебо, ки бо тамоми бино аз хишти пухта бо омезиши гаҷу лой сохта шудааст, ба кас ҳаловат […]
Мавзеи Чилучорчашма Чилучорчашма зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, воқеъ дар 230-километрии ҷануби шаҳри Душанбе аст, ки дар миёни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш, мавзеъи дорои таърихи беш аз ду ҳазорсола ва қадамҷойи ҳазрати Алӣ, аз ёрони Расули Худо, шинохта шудааст. Чилучорчашма дар Тоҷикистон ва дар Ўзбекистони ҳамсоя хеле
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои як қатор ёдгориҳои нодири таърихӣ буда, боиси ифтихор аст, ки нишонае аз таъриху фарҳанги куҳан то имрӯз ҳифз шудаанд. Тоҷикистони биҳиштосо бо мавзеъҳои таърихии худ аз қабили қалъаи Ҳисор, қалъаи Ҳулбук, Чилучорчашма, Гармчашма, Чилдухтарон, Хоҷаобигарм, Хоҷамуъмин, Зумрад, Ромит, Сари хосор ва ғайра ба минтақаи сайёҳӣ табдил ёфтааст. Қалъаи
Мавзеи Сари Хосор дар ҳудуди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ҷойгир мебошад. Масоҳати умумии боғи табиии Сари Хосор 3805 га аст. Табиати зебову дилфиреби Сари Хосор, ҳавои тозаву чашмаҳои мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, меваҳои шаҳдбор ва гиёҳҳои шифобахши он диққати ҳар як сокини кишварро ба худ ҷалб мекунанд ва чунин мавзеъҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар […]
Суди вилояти Хатлон 





