Маркази матбуот Слайдер (Page 3)

Слайдер

Санаи 27 январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони Васоити ахбори омма нишастӣ матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми  раиси суди вилоят муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси суди вилоят муҳтарам
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимият  давлатии ноҳияи Кӯшониён вохурии судяҳои Суди вилояти Хатлон бо фаъолони ноҳия баргузор гардид. Судяҳои суди вилоят Мирзозода Абдуҷаббор Азиз ва Холиқзода Абдуҳаким Абдулваҳоб ба фаъолони ноҳияи Кӯшониён мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025
12.01.2026 11.54   12 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд. Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин ва Ғуломзода Сафарбек аз
Имрӯз, 9 январи соли 2026, дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Раёсати Суди Олӣ вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ дар соли 2025 баргузор гардид.   Дар ҷаласа ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Ализода З., Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинони Раис, судяҳои Суди Олӣ,
Санаи 5 январи соли 2026 дар толори Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он дар соли 2025 баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастии мазкур муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Шавкатҷон, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода
31.12.2025 06.50 шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 самимона табрик мегӯям. Ба ҳар як хонадони мардуми шарифу сарбаланди кишвар тандурустиву иқболи нек ва рӯзгори орому осуда орзу менамоям. Соли мелодие, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони маҳбуби мо боз як соли бобарору таърихӣ ва
  30 декабри соли 2025 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, дар доираи сиёсати пайгиронаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҳокимияти судӣ, ҷиҳати таҳкими адолати судӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ, ба суди ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд. Раиси Суди Олӣ бо шароити
19 декабри соли 2025 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, дар доираи сиёсати пайгиронаи таҳкими адолати судӣ ва баланд бардоштани сифати фаъолияти ҳокимияти судӣ ба Суди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар намуданд. Раиси Суди Олӣ ташкили фазои мусоиди кориро ҳамчун қадами устувор дар роҳи боло бурдани нуфузи суд, таъмини дастрасии
  Имрӯз, 16 декабри соли 2025 дар Суди вилояти Хатлон тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси суд, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон иштирок намуда, Паёми Президенти кишварро, ки самтҳои
16.12.2025 12.23 шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид. Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси