Маркази матбуот Слайдер (Page 4)

Слайдер

   Санаи 28 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи бинои Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машғулияти семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои моҳи ноябри соли 2025 баргузор гардид. Дар машғулияти семинарии мазкур  Раиси Суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам
Санаи 24 ноябри соли равон соати 09:00 дақиқа дар шаҳри Бохтар роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинии тантанавӣ кормандони Суди вилояти Хатлон ва Суди шаҳри Бохтар  низ бо рӯҳияи баланд ва эҳсоси  ватандӯстӣ фаъолона иштирок намуданд. Роҳпаймоӣ аз терминали мусофиркашони марказӣ шаҳр оғоз ёфта, иштирокчиён бо
21.11.2025 Имрӯз 21 ноябри соли 2025, дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори иди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии бошукӯҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ ва судҳои шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Дар оғози ҷамъомад муовинони Раиси Суди Олӣ дар суханронии худ таъкид намуданд, ки Парчами
  Санаи 21 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳои суди вилоят, кормандони дастгоҳи суди вилоят ва Суди шаҳри Бохтар иштирок карданд. Маҷлиси тантанавиро муовини раиси
 19.11.2025 Рӯзҳои 19 то 24 ноябри соли 2025, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад бо ҳамроҳии муовини Раис Раҷабзода Ҳотам Назар ва судяи Суди Олӣ Шарифзода Иноятулло Шарифҷон дар Конференсияи 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон, ки дар шаҳрҳои Деҳлӣ, Агра ва Лакноуи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор мегардад, иштирок
16.11.2025 13.16 Узбекистон 16 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҳамоиш доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои кишварҳои минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти
15 ноябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.   Дар кори ҳамоиш Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., собиқадорони давраи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинон, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олӣ ва судяҳои судҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар оғоз
05.11.2025   Санаи, 5 ноябри соли 2025, дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашнгирии 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар кор чорабини Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинон, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олӣ ва судяҳои судҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.        Дар оғоз, муҳтарам
     Санаи 5 ноябри соли ҷорӣ соати 14:00 дақиқа дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябр баргузор гардид. Дар конфронси мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси Суди вилояти
    Санаи 31 октябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи бинои Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон машғулияти семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои моҳи октбяри соли 2025 баргузор гардид. Дар машғулияти семинарии мазкур  Раиси Суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин Ғафор, моувини якуми раиси суди вилоят муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим,